Сентябр 27, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Духтари навҷавони тоҷикистонӣ дар урдугоҳи хонаводаҳои диишӣ дар Ироқ

Шабакаи телевизионии “Русия ал-Явм” даргузорше аз ҳузури як духтари 16- солаи тоҷикистонӣ дар урдугоҳи нигаҳдорӣ аз бозмондагони гурӯҳи ДИИШ дар Ироқ хабар дод, ки сарпарастии панҷ кӯдаки дигарро бар ӯҳда дорад.

Ба гузориши сайти шабакаи телевизионии “Русия ал-Явм”, ин духтари 16- солаи тоҷик Оиша ном дорад, ки ба ҳамроҳи ду бародар ва хоҳари кӯчакаш ва ду фарзанди бозмонда аз як хонаводаи руси узви ДИИШ пас аз кушта шудани волидайнаш дар шаҳри Мавсил ба Бағдод мунтақил шудааст ва дар яке аз урдугоҳҳои бастагони аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ таҳти назорати давлати Ироқ нигаҳдорӣ мешавад.

Бар асоси ин гузориш, бо оғози набарди озодсозии Мавсил, Оиша ба ҳамроҳи бародарон ва хоҳараш ба Талъафар мунтақил шудааст ва дигар аз сарнавишти волидайнаш иттилое надорад.

Вай мегӯяд, ки ба ҳамроҳи хонаводааш аз Тоҷикстон ба Ироқ омада ва сарпарастии ин ду кӯдаки рус низ пас аз марги волидайншон бар ӯҳдаи ӯ қарор гирифтааст.

Қаблан Милани Мирҳом, сухангӯи Шӯрои ҳукумати Норвегия дар умури паноҳандагон эълом карда буд, ки бар асоси иттилооти аввалия аз миёни 400 бозмондаи хонаводаҳои аъзои кушташудаи ДИИШ дар Ироқ 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки шиносоии ҳуввияти онон ба замони бештаре ниёз дорад.

 

Барчасп