Дидори Раҳимзода дар Пекин бо мақомҳои турку афғон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23721-Дидори_Раҳимзода_дар_Пекин_бо_мақомҳои_турку_афғон
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз дар 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол дар Пекин бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия Мехмет Эрсой ва муовини вазири умури дохилии Афғонистон Мурод Алӣ Мурод дидор намуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 27, 2017 20:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳимзода дар Пекин бо мақомҳои турку афғон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз дар 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол дар Пекин бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия Мехмет Эрсой ва муовини вазири умури дохилии Афғонистон Мурод Алӣ Мурод дидор намуд.

Ба иттилои сайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия Мехмет Эрсой ҷонибҳо оид ба ҳамкории судманди ду мақомот ҷиҳати кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалии “Интерпол” буда ва тақвият додани мубодилаи иттилооти фаврӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода дар дидори муовини вазири умури дохилии Афғонистон генерал Мурод Алӣ Мурод, роҳҳои мубориза бо таҳдид ва хатарҳоро дар минтақа баррасӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол бо иштироки вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноятӣ — Интерпол 26 сентябр дар шаҳри Пекин оғоз ёфта, то 29 сентябр идома меёбад.