Сентябр 30, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Заминларзаи 29 сентябр хисорат ва талафот надошт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълом кард, хушбахтона заминларзаи рӯзи 29 сентябр хисорат ва талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Ба гузориши “Спутник”, шомгоҳи рӯзи 29 сентябр дар соати 18:49 дақиқа дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон замин ду бор ларзид.

Бинобар эъломи Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза 135 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе, дар марзи ҷумҳурии Узбакистон будааст.

Қудрати ин заминларза дар маркази 5 Рихтер ва дар шаҳри Душанбе 2 то 3 Рихтер будааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшан ва Ашт низ эълом кардаанд, зилзила дар маҳалли зиндагии онҳо эҳсос шудааст.