Октябр 02, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қарордоди интиқоли таҷҳизоти низомии байни Тоҷикистон ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Қарордоди ҳамкории кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар мавриди интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои узв, дар Парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин қарордод имрӯз тавассути Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар парлумон тасвиб шуд .

Вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни ироаи ин санад гуфт: Ин қарордод ба бозсозии артиши Тоҷикистон ва муқобила бо таҳдидоте, ки барои амнияти ин кишвар хатар эҷод мекунанд, кумак мекунад .

Вай идома дод: Бар асоси ин қарордод, дар ҳолати зарурӣ нерӯҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ метавонанд ба Тоҷикистон кумак кунанд .

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ тасвиби ин қарордодро муҳим унвон карду гуфт: Дар сурати рух додани ҳаводиси хос, интиқоли нерӯҳои низомӣ замони зиёде мегирад, вале ин санад метавонад ба ҳалли сареи ин мушкил кумак кунад .

Ин санад дар торихи 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе тавассути сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба имзо расида буд ва ҳадафи аслии он интиқол бидуни монеи таҷҳизоти низомӣ аз кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон аст .

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд .

 

Барчасп