Интиқоли Бузургмеҳр Ёров ба селули инфиродӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24083-Интиқоли_Бузургмеҳр_Ёров_ба_селули_инфиродӣ
Мақомоти боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе (СИЗО) аз интиқоли Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ба 28 соли зиндон маҳкумшудаи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба селули инфиродӣ хабар додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2017 06:26 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли Бузургмеҳр Ёров ба селули инфиродӣ

Мақомоти боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе (СИЗО) аз интиқоли Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ба 28 соли зиндон маҳкумшудаи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба селули инфиродӣ хабар додаанд.

Ба гузориши сайти "Ахбори Осиёи Марказӣ", Садриддин Шарифзода, яке аз масъулони Боздоштгоҳи муваққати шумораи яки шаҳри Душанбе гуфтааст, ки Ёров ба далели нақзи муқаррароти нигаҳдории маҳкумон дар ин макон ба селули инфиродӣ мунтақил гардид.

Вай таъкид кардааст, ки қаблан ба Бузургмеҳр Ёров дар мавриди оқибатҳои нақзи муқаррароти нигаҳдории маҳкумон дар Боздоштгоҳи муваққати шумораи яки шаҳри Душанбе се бор ҳушдор дода шуд, аммо ӯ ба ин маворид тавваҷуҳ накард.

Бо ин ҳол, ин мақоми масъул аз додани тавзеҳи бештар дар бораи муқарраротшикании Бузургмеҳр Ёров дар Боздоштгоҳи муваққати шумораи яки шаҳри Душанбе худдорӣ кард.

Ёров бо таъсиси эътилофи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви аршади Шӯрои сиёсии боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 қасд дошт бегуноҳии ин афродро дар иртибот бо ҳаводиси чаҳоруми сентябри он сол ва шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои ин кишвар исбот кунад, аммо худ низ ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба иттиҳоми ифроти‌гарӣ, барангехтани ихтилофоти милливу динӣ, тавҳин ба раиси ҷумҳурӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ 15 –уми марти имсол дар пайи муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, се соли дигар ба маҳкумияти қаблии ӯ ба иттиҳоми тавҳин ба намояндаи додситонӣ ва раиси додгоҳ изофа кард.