Октябр 09, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон маркази тиҷории таътил шудаи Эронро ба Узбакистон дод

Аввалин маркази тиҷории Узбакистон дар шимоли Тоҷикистон дар ҳоле бозгушоӣ шуд, ки бинои ин марказ қаблан дар ихтиёри маркази тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, аввалин маркази тиҷории Узбакистон дар шимоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бозгушоӣ шуд.

Ин маркази тиҷорӣ дар ҳамон биное доир шудааст, ки қаблан дар ихтиёри маркази фарҳангӣ тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, аммо бо тасмими мақомоти давлати Тоҷикистон, тобистони имсол баста шуд.

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд ба хабарнигорон гуфт, “аксари абзор ва мошинҳои сохтумонӣ ва санъатии Узбакистон дар ин маркази тиҷоратӣ қобили боздид ва харидорӣ ба қимат арзон аст”.

Ҳамчунин дар маросими бозгушоӣ ин марказ, Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Тошканд тарафдори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ду кишвар аст.