Боздошти ду корманди дафтари Интерпол дар шаҳри Душанбе
Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди дафтари Полиси байналмилал (Интерпол) дар шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ришвахорӣ хабар дод.
Ба гузориши дафтари матбуотии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, сарҳанги дувум (подполковник) Аҳлиддин Камолов, мудири Идораи пайгарди байналмилалӣ ва саргурд (майор) Ҷовид Ваҳҳобов, корманди аршади идораи дафтари Полиси байналмилал дар Тоҷикистон ҳамакнун дар боздошт ба сар мебаранд.
Гуфта мешавад, Полиси ҷумҳурии худмухтори Бошқиристони Русия аз дафтари Полиси байналмилал дар Тоҷикистон дархости ҳамкорӣ барои гирифтани шаҳодати ду шаҳрванди ин кишвар дар иртибот бо як ҳодисаи қатл дар Русияро карда буд, аммо ин ду бо ҳадафи дарёфти ришва аз шоҳидон, ки қарор буд дар Русия бозҷӯӣ шаванд, онҳоро таҳти фишор қарор доданд.
Кормандони вайронкунандаи қонун ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбур карда буданд ба манзури муаррифии онон ба унвони шоҳиди ҳодисаи қатле дар ҷумҳурии худмухтори Бошқиристони Русия, ҳар як дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ба онон ришва пардохт кунанд.
Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам бо пардохти як сеюм аз ин маблағ ба ин ду корманди дафтари Полиси байналмилал дар шаҳри Душанбе, Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистонро дар ҷараёни ин моҷаро қарор доданд.
Пас аз ин, сарҳанги дувум Аҳлиддин Камолов ва саргурд Ҷовид Ваҳҳобов ҳангоми дарёфти бақияи маблағ боздошт шудаанд.
Ин нахустин маврид аз боздошти кормандони дафтари Полиси байналмилал дар Тоҷикистон аз замони таъсиси намояндагии ин ниҳод дар ин кишвар аст.