Инсирофи Русия аз иктишофи 2 маъдани нафту газ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 16 Aug 2016 15:59:08 GMT )
Август 16, 2016 20:59 Asia/Dushanbe
  • Инсирофи Русия аз иктишофи 2 маъдани нафту газ дар Тоҷикистон

Ширкати Газпроми Русия аз идомаи фаъолияти иктишофи нафту газ дар ду маъдани "Сариқамиш" ва Шоҳамбари"-и Тоҷикистон инсироф дод.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, Комиссияи марказии истифода аз манобеи маъданӣ ва мудирияти муҷаввизҳои ширкати Газпроми Русия бадалели бенатиҷа будани фаъолиятҳои иктишофӣ дар ҳавзаи нафту газ дар майдонҳои "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии ғарби"-и Тоҷикистон, тасмими гирифта, то муҷаввизҳои фаъолият дар ин ҳавзаро ба давлати Душанбе вогузор кунад ва ба фаъолияти худ дар ин манотиқ поён диҳад.

Масъулони ширкати Газпроми Русия эълом кардаанд, ки санади расмии бозпас додани муҷаввизи маодини "Сариқамиш" ва Шоҳамбарии ғарбӣ таҳия ва ба зудӣ тасвиб хоҳад шуд, аммо далели раёсати ин ширкат барои қатъи корҳои иктишофи нафту газ дар Тоҷикистон эълом нашудааст.

Аз сӯи дигар Идораи геологии Тоҷикистон гуфтааст, токунун ҳеч санади расмӣ аз сӯи Газпром дар бораи бозпас додани муҷаввизи фаъолияти иктишофӣ дар "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарӣ" ба ин ниҳод ироа нашудааст.

Газпром захоири майдони газии "Сариқамиш" дар 40 километрии ғарби шаҳри Душанберо ҳудуди 18 миллиард метри мукааб эълом кард, аммо раиси ин ширкат пеш аз он дар соли 2010 ҳаҷми захоири ин майдонро панҷ баробар бештар арзёбӣ карда буд.

Пеш аз ин хабаргузории Азия-Плюс аз тасмими ширкатҳои нафтии хориҷӣ барои хуруҷ аз Тоҷикистон дар тирамоҳи имсол хабар дода буд.

Тоҷикистон то чанд сол қабл гази табииро аз Узбакистон ворид мекард, аммо тарафи узбак ҳар сол фурӯши газ ба ин кишварро коҳиш дод, то инки дар соли 2012 комилан онро қатъ кард.

Давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир ба дунболи сармоягузорони хориҷӣ барои иктишофи манобеи нафту газ дар ин кишвар аст.