Шарифов: тасмими устондори Новосибирски Русия иҳонат ба муҳоҷирон аст
(last modified Wed, 17 Aug 2016 04:31:22 GMT )
Август 17, 2016 09:31 Asia/Dushanbe
  • Шарифов: тасмими устондори Новосибирски Русия иҳонат ба муҳоҷирон аст

Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия тасмими ахири устондори шаҳри Новосибирски ин кишварро дар эъмоли маҳдудият барои иштиғоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ иҳонатомез тавсиф кард.

Ба иттилои сайти РИА Новости, Каромат Шарифов гуфтааст, ки 80 дарсад аз коргарони муҳоҷир дар марокизи тавлидӣ ва тиҷории шаҳри Новосибирск тоҷикон ҳастанд ва ин тасмим муҷиби аз кор афтодани ин марокиз хоҳад шуд.

Шарифов афзуд: Шаҳри Новосибирск сеюмин шаҳри пурҷамъияти Русия аст ва ҷойгузин кардани афроди бумӣ ба ҷои коргарони муҳоҷири хориҷӣ аслан имконпазир нест.

Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия тасреҳ кард: Агар ҳукумати Тоҷикистон барои атбои худ дар дохили ин кишвар иштиғолзоӣ мекард, шаҳрвандонаш дар хориҷ дучори чунин мушкилоте намешуданд.

Тибқи дастури Владимир Городетский, устондори шаҳри Новосибирски Русия, ба зудӣ фаъолият дар бахшҳои ҳамлу нақл, муҳитбонӣ, сайди моҳӣ, истихроҷи маодин, фурӯши чубу тахта, омӯзишу парвариш, боғчаи кӯдакон, марокизи тавлиди ғизои кӯдакон ва симматҳое ҳамчун котиба, мутарҷим ва ҳисобдор барои муҳоҷирони хориҷӣ дар ин шаҳри Новосибирск мамнуъ мешавад.

Шаҳри Новосибирски Русия дар шарқи ин кишвар, минтақае санъатӣ ба ҳисоб меояд.

Дар ин шаҳр садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар бахшҳои сохту соз, мублсозӣ, кишоварзӣ ва тиҷорат фаъолият мекунанд .