Октябр 20, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба Қатар муҳоҷири корӣ мефиристад

Мақомоти тоҷик аз тавофуқи ҳукумати ин кишвар бо Қатар дар заминаи ирсоли нерӯи корӣ ба Доҳа хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар сурати тасвиби ин тавофуқнома аз сӯйи парлумон ва раисҷумҳури ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни маҳдудият ба бозори кор дар Қатар роҳ пайдо мекунанд. Бинобар ин тавофуқнома, муҳоҷирони кории тоҷик танҳо тавассути мақомоти расмии ин кишвар ба Доҳа мунтақил мешаванд ва ширкатҳои хусусӣ аз ирсоли нерӯи корӣ маҳрум хоҳанд буд. Илова бар ин, тибқи ин тавофуқнома, корфармо мутааҳҳид мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди ҳимояти худ қарор диҳад. Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба ин ки муҳоҷирони корӣ бештар дар корҳои сохтмону ронандагӣ фаъолият хоҳанд кард, тарафи тоҷик бештар мардонро эъзом хоҳад кард.

Мақомоти тоҷик аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин тавофуқнома, аз ҷумла пардохти молиёт, маоши миёнаи муҳоҷирон ва дигар масоил худдорӣ ва изҳор кардаанд, ба тамоми ин саволот дар марҳалаи баъдӣ посух дода хоҳад шуд.

Тоҷикистону Қатар дар соли 1994 муносиботи дипломатӣ барқарор ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор дар соли 2007 аз Доҳа боздид кард. Қатар дар чандин тарҳи муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла эҳдоси бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва муҷтамаи «Диёри Душанбе» сармоягузорӣ кардааст.