Зиндон дар интизори панҷ корманди заминфурӯш дар ноҳияи Рӯдакӣ
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ панҷ корманди идороти иҷроии ин минтақаро ба иттиҳоми заминфурӯшӣ ба панҷ то 25 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сайти дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Х. Раҳимов, мудири Маркази озмоиши мошинҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳамдстии чаҳор нафар аз сокинони ин минтақа иқдом ба фурӯши ғайриқонунии замин, кулоҳбардорӣ ва дарёфти ришва кардааст.
Гуфта мешавад, вай бо фурӯши ғайриқонунии заминҳои кишоварзӣ ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, муттаҳам ба 73 маврид дарёфти ришва ба маблағи 245 ҳазору 500 доллар ва 13 ҳазор сомонӣ аст.
Бар асоси ин гузориш, О.Шарофиддинов, масъули нақшабардории заминҳои кишоварзӣ дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ низ аз соли 2013ним гектар заминро ба таври ғайриқонунӣ ба сокинони минтақа фурӯхта ва маблағи 19 ҳазору 500 доллар ришва дарёфт кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо баррасии парвандаи ин афрод Х. Раҳимовро ба 25 соли зиндон ва чаҳор муттаҳами дигари ин парвандаро ба панҷ то 24 соли зиндон маҳкум кард.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон борҳо бо фоҷеа хондани фурӯши ғайриқонунии заминҳои кишоварзӣ дар ин кишвар, аз ноҳияи Рӯдакӣ ба унвони яке аз манотиқи фасодзада ёд мекунанд, ки бештар аз дигар манотиқ, ин ҷурм дар он ҷо иттифоқ меафтад.