Октябр 23, 2017 14:38 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди афсари рус бо гузарномаи ҷаълии тоҷикӣ аз Туркия ба Душанбе

Як афсари собиқи артиши Русия, ки бо гузарномаи ҷаълии тоҷикӣ ба Сурия рафтаву дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ ворид шудааст, ҳангоми бозгашт дар қаламрави Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки сарвон (капитан) Денис Ҳисомови 34 сола, афсари собиқи артиши Русия ва дорандаи дараҷаи доктории улуми фанноварӣ, ки бо гузарномаи ҷаълии шаҳрвандии Тоҷикистон вориди Сурия шуда буд, ахиран ҳангоми бозгашт аз ин кишвар ба дасти полиси Туркия боздошт ва ба далели доштани гузарномаи тоҷикӣ ба Душанбе истирдод шудааст.

Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин афсари боздоштшуда дар асл шаҳрванди Русия ва низомии собиқи Вазорати дифои Русия аст, ки танҳо ба далели доштани гузарномаи ҷаълии тоҷикӣ ба Душанбе мунтақил шудааст.

Сомонаи “Ахбор” бо зикри иттилооти комил аз зиндагиномаи ин афсари рус ба истеъдоди фавқуллодаи ӯ ишора карда, ки дар синни 15 солагӣ ба таври ҷаҳишӣ аз мактаб фориғуттаҳсил шудаву дар 20 солагӣ мадраки донишомӯхтагии донишгоҳи низомиро ба унвони мумтозтарин донишҷӯ дарёфт кардааст.

Сарвон Денис Ҳисомов дар соли 2005 дар риштаи ҳифозат аз фанновариҳои итилоърасонӣ муваффақ ба дарёфти дараҷаи докторӣ шудааст.

Вай беш аз 30 мақолаи илмӣ низ мунташир кардааст.

Ба навиштаи сомонаи “Ахбор”, акнун ин пурсиш матраҳ аст, ки омили гароиши ин афсари ҷавону дорои истеъдоди фавқуллодаи артиши Русия ба гурӯҳи террористии ДИИШ чӣ будааст.