Октябр 23, 2017 15:05 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомҳои Тоҷикистон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ масоил ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар шаҳри Вена дидор кард.

Ин дидор дар ҳошияи ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Ҳусайнзода ва Амоно дар ин дидор масоили ҳаётӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ожонси байналмилалии энержии атомиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавваҷуҳи вижа ба тавсеаи ҳамкориҳои фаннӣ, аз ҷумла дар мавриди иҷрои пружаҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Тоҷикистон аз масоили меҳварии ин дидор буд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин дар мавриди омӯзиши коршиносони тоҷику мушорикати Тоҷикистон дар пружаҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ табодули назар сурат гирифт.