Раиси Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон сафар мекунад
(last modified Mon, 23 Oct 2017 13:07:03 GMT )
Октябр 23, 2017 18:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон сафар мекунад

Такеико Накао, раиси Бонки тавсеаи Осиё 25 октябр барои анҷоми як сафари серӯза ба  Душанбе сафар хоҳад кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, раиси Бонки тавсеаи Осиё дар ин сафар бо мақомоти Тоҷикистон дидор ва аз тарҳҳои ин ниҳод дидан хоҳад кард .

Такеико Накао ҳамчунин дар шонздаҳумин Конфронси вазирони ҳамкориҳои минтақаии Осиёи Марказӣ, ки ба раёсати Неъматуллоҳи Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 27 октябр дар душанбе баргузор мешавад, суханронӣ хоҳад кард .

Пас аз ин конфронс, дар ҳамин рӯз раиси Бонки тавсеаи Осиё ҳамроҳ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Конфронсе матбуотӣ ҳузур пайдо хоҳанд кард .

Накао аз апрели соли 2013 раёсати Бонки тавсеаи Осиёро ба уҳда дорад .

 67кишвари ҷаҳон узви Бонки тавсеаи Осиё ҳастанд .