Октябр 24, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сафорати Русия дар Душанбе ба хабари истирдоди афсари рус

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳеч иттилои расмӣ дар бораи интиқоли афсари собиқи артиши ин кишвар бо шиносномаи ҷаълии тоҷикӣ аз Туркия ба Душанберо дарёфт накардааст.

Ба иттилои Спутник, Олег Жуков, муовини консули сафорати Русия дар Душанбе гуфтааст, на аз каналҳои расмӣ ва на аз каналҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоеро дарёфт накардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Хисамов Денис Франгизович ном шаҳванди Русия хабар дода буд, ки 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодар зода шудаву номзади улуми техникӣ ва капитани Вазорати дифои Русия будааст.

Дафтари матбуотии вазорат гуфтааст, ки Денис Хисамов бо шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафта ва ба ДИИШ пайваста ва дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат доштааст. Ӯ моҳи апрели соли 2017 ба Туркия рафтааст то аз онҷо барои анҷоми амалиёти террористӣ ба Русия биравад.

Аммо герӯҳои амниятии Туркия ӯро боздошт карда ва ба далели доштани шиносномаи сохтаи Тоҷикистон, ӯро ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вогузор кардаанд.