Вокуниш ба тахриби сохтмонҳои таърихии шаҳри Душанбе
Коршиносони тоҷик ба иқдоми шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дар тахриби теъдоде аз биноҳои торихӣ вокуниш нишон медиҳанд.
Ба нақл аз Спутник, Ғафур Шермуҳаммадов, торихнигори тоҷик гуфтааст, ки дар даҳаи 1930 қарни 20 сохти шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон дар таркиби Шӯравии вақт аз сифр оғоз шуд ва аз ин рӯ, барои ба шаҳру маркази як кишвар табдил шудани рустои Душанбе чанд насл аз меъморон, муҳандисон ва мутахассисон фаъолият кардаанд .
Шермуҳаммадов аз инки имрӯз бидуни ҳифзи биноҳои торихии он даврон барои тахриби бахше аз пойтахти Тоҷикистон иқдом мекунанд, ибрози таассуф кардааст .
Ба гуфтаи вай, умдаи биноҳои торихии шаҳри Душанберо меъморони рус аз шаҳри Санкт Петербург тарроҳӣ карда ва сохтаанд, аммо акнун ба баҳонаи эҳдоси сохтмони ҷадиди парлумон ва ҳукумат бо сармоягузории Чин, ин ҳама ёдгориҳо вайрон мешавад.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон муътақид аст, ки дар баҳси миёни мухолифони тахриби биноҳои торихӣ ва мувофиқони ин иқдом, навгароё пирӯз шудаанд, зеро мақомоти аршади сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки тамомии сохтмонҳои давлатӣ назири маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Маҷлиси намояндагон дар канори ҳам воқеъ шаванд .
Ба гуфтаи Маҳмадазимов, бо таваҷҷуҳ ба ин тасмим, имзои тӯморе барои ҳифзи ин биноҳои торихӣ аз сӯи сокинони шаҳри Душанбе ба ҷое нарасид .
Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, дидани ин ҳама тахрибҳо барои насли бузургсоли сокини шаҳри Душанбе, ки шоҳиди рушду тавсеаи пойтахти Тоҷикистон будаанд, дардовар аст .