Октябр 24, 2017 20:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳафт ҳазор террорист дар марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистон

Шумори террористҳои мустақар дар марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистон ҳафт ҳазор нафар эълом шуд.

Расонаҳои гурӯҳии Афғонистон рӯзи сешанбе ба нақл аз Юрий Хачатуров, дабири кулли СПАД эълом карданд, дар ҳоли ҳозир наздик ба ҳафт ҳазор террорист дар хоки Афғонистон дар марзҳои муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон ҳузур доранд. Хачатуров афзудааст, ин террористҳо барои гурӯҳҳои Толибону ДИИШ дар Афғонистон меҷанганд. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳузури ин террористҳоро дар наздикии марзи Тоҷикистон таҳдиде барои кишварҳои Осиёи Марказӣ донистааст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанди пеш Залмай Халилзод, сафири собиқи Амрико дар Ироқ, Афғонистон ва Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, афроди вобаста ба гурӯҳи ДИИШ ба дунболи ҷуғрофиёи ҷадиде барои идомаи таҳаррукоти террористии худ ҳастанд. Мақомоти рус низ борҳо аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

 

Барчасп