Октябр 25, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима барои баргузории маросими “ақиқа”

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат, дар 20 километрии шарқи шаҳри Душанбе яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми баргузории маросими “ақиқа”-и наберааш ба пардохти ҷарима маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Сайидалӣ Сафаров муттаҳам ба нақзи қонуни тозаислоҳшудаи танзими анъана ва ҷашну маросим, ба пардохти панҷ ҳазор сомонӣ маҳкум шуд.

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим додани ғизо ва даъвати меҳмонон ба маросими “ақиқа”-ро мамнуъ кардааст.

Зафар Қодирзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат гуфтааст, Сафаров ҳудуди 80 то 100 меҳмонро ба маросими “ақиқа”-и наберааш даъват карда ва ба онон ду ваъда ғизо додааст. Дар ҳоле, ки бар асоси Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим бояд “ақиқа” танҳо бо ҳузури аъзои хонавода ва бидуни пухти ғизо баргузор шавад.

Ҳамчунин дар Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ба иллати нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим парвандаи се нафар аз сокинони ин ноҳия ба иттиҳоми мушобеҳ дар дасти баррасӣ аст ва илова бар он барои се нафари дигар аз сокинони ин минтақа парвандае ташкил шудааст, ки ҳукми қазоии он тайи рӯзҳои оянда содир хоҳад шуд.

Сайидалӣ Ҳакимзода, корманди масъули Идораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Ваҳдат гуфтааст, тайи ду моҳи ахир дар ин минтақа 26 мавриди нақз ин қонун ба сабт расидааст.

Ин нишон медиҳад, шаҳрвандон ҳанӯз аз сахт шудани муҷозот, аз ҷумла афзоиши маблағи ҷаримаҳои молӣ барои нодида гирифтани ин қонун хабар надоранд.

 

Барчасп