Тағйироти кадрии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24943-Тағйироти_кадрии_раиси_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_дар_вазорату_идораҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд масъул дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва литсейи президентӣ дар шаҳри Ҳисорро тағйир дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 26, 2017 13:03 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд масъул дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва литсейи президентӣ дар шаҳри Ҳисорро тағйир дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидраҳмон Назризода аз симмати муовини аввали вазири рушди иқтисод барканор шуд ва ба ҷойи вай Завқӣ Завқизода, мушовири раиси ҷумҳур дар масоили иқтисодӣ, дар ин симмат ба кор гирифта шуд.

Ҳамчунин Муҳаммадтоҳир Саидзода ба ҷойи Шокирҷон Гадоён дар симмати мудири литсейи президентии шаҳри Ҳисор қарор гирифт.