Зарарҳои сел дар Исфараи Суғд
Август 17, 2016 17:14 Asia/Dushanbe
Ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд зарарҳои зиёде дар пай дошт.
Ба гузориши Хабаргузории Озодагон, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара гуфт: Шаби 16 август бар асари бориши борони зиёд ва туғёни рӯди Исфара, ба хонаҳои сокинони шаҳраки Шӯроб, Сомониён, Навобод, Ҷазира, Матпарӣ ва маҳаллаҳои 13, 14 ва 15 зарарҳои зиёде ворид шуд.
Ба гуфтаи Тешаев, илова бар хонаҳои шаҳрвандон, сел ба зерсохтҳои шаҳр низ осеб ворид кардааст.
Аз субҳи имрӯзи 9 гурӯҳи имдодрасон дар маҳаллаҳои зарардида ба кумаки шаҳрвандон рафтанд.
То кунун ҳеч мавриде аз талафоти ҷонӣ дар асари ин сел гузориш нашудааст.