“Тоҷиктрансгаз” имкони пардохти қарзашро надорад
Мақомоти ширкати интиқоли гази Тоҷикистон ба ҳукми додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ин ширкатро ба пардохти қарзи худ ба вазорати молия муваззаф кардааст, эътироз карданд.
Ба нақл аз Toptj, мақомоти ширкати интиқоли гази Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар сурати фаъол шудани ин созмони давлатӣ ва воридоти дубораи газ аз Узбакистон метавонанд шаш миллион сомонӣ қарзи худро пардохт кунанд .
Ширкати интиқоли гази Тоҷикистон аз соли 2013 то ба ҳол амалан фаъолият намекунад, ки иллати ин нобасомонӣ қатъи содироти гази Узбакистон аст .
Давлати вақти Узбакистон дар соли 2013 интиқоли гази хешро ба Тоҷикистон қатъ кард, ки ин мушкил ҳануз ҳам ҳал нашудааст .
Олимҷон Раҳимов, сармуҳосиби ширкати интиқоли гази Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ин созмон амалан фаъолият намекунад, ки дар чунин шароите заминаи пардохти қарз низ вуҷуд надорад .
Маблағи шаш миллион сомонӣ қарзи ширкати интиқоли гази Тоҷикистон ба Вазорати молия, ҳазинаи хариди гази Узбакистон то соли 2013 шудааст, ки барои таъмини ниёзи корхонаи “Лаъл”-и Хуҷанд ва ширкати алюминиюм дарёфт шуда буд .
Дар ҳукми ахири додгоҳи иқтисодии Душанбе низ таъкид шудааст, ки қарзи корхонаи “Лаъл”-и Хуҷанд ба ширкати интиқоли гази Тоҷикистон ба беш аз шаш миллион сомонӣ мерасад .