Октябр 31, 2017 12:01 Asia/Dushanbe
  • Сохти хати интиқоли барқ ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара то поёни сол

Як ширкати чинӣ талош дорад, ки то поёни имсол тарҳи сохти ду хати интиқоли барқ ба минтақаи озоди иқтисодии Данғараро ба баҳрабардорӣ расонад.

Ба нақл аз Спутник, Сафарали Тайфуров, муовини мудири минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки ширкати чинии “Шансӣ” ду хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Норак ва “Сангтуда 1”-ро то поёни имсол ба баҳрабардорӣ мерасонад .

Ба гуфтаи вай, тӯли ин ду хати интиқоли барқ ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара 15 ва 25 километр аст, ки заминаи фаъол шудани чанд корхонаи тавлиди маҳсулоти санъатӣ ва масолеҳи сохтмониро фароҳам месозад.

Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар масоҳати беш аз 521 гектар дар ҳоли сохт аст ва метавонад барои теъдоди зиёде аз сокинони ин ноҳия иштиғолзоӣ кунад .

Бар асоси тарҳи сохти корхонаҳои мухталифи санъатӣ қарор буд, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон низ ба баҳрабардорӣ бирасад, аммо мушкилоти молӣ ифтитоҳи ин полоишгоҳро барои бори чаҳорум дар ду соли ахир ба таъхир андохт .

Бар асоси барнома қарор буд, ширкати чинӣ муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон то 9 сентябри соли 2016 ва солгарди истиқлоли ин кишвар марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғараро ба баҳрабардорӣ расонад.

Ин замон баъдҳо ба моҳи март ва сипас июни имсол мавкул шуд, аммо бо наздик шудан ба поёни тобистон низ имкони баҳрабардорӣ аз ин полоишгоҳ фароҳам нашуд .

Иллати ин таъхир ҳар бор таъмин нашудани қарзҳои мавриди ниёзи ширкати чинии муҷрии тарҳ эълом шудааст .

Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, заминаи тасфияи 500 ҳазор тонна нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тонна нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад .

Тарафи чинӣ барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст .