Октябр 31, 2017 14:51 Asia/Dushanbe
  • Марги дилхароши муҳоҷирони тоҷик дар сониҳаи ронандагӣ дар Русия

Шуморе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар як сониҳаи ронандагӣ дар Русия дучори марги дилхарош шуданд.

Ба нақл аз РИА Новости, ин ҳодиса душанбе шаб дар минтақаи Петровский аз тавобеи вилояти Саратов дар маркази Русия рух дод ва минибуси ҳомили муҳоҷирони тоҷик бо як мошини боркаш бархурд кард .

РИА Новости дар хабари такмилӣ эълом кард, чаҳор муҳоҷири тоҷик аз ҷумлаи ҳафт сарнишини минибус буданд, ки дар ҳодисаи сониҳа кушта шуданд .

Владимир Костёров , яке аз сухангуёни шуъбаи маҳаллии Вазорати кишвари Русия дар вилояти Саратов пештар дар суҳбат бо РИА Новости аз ҷон бохтани ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буд .

Мақомоти рус ронандаи мошини боркашро муқассири тасодуфи маргбор дар минтақаи Петровскии вилояти Саратов эълом карданд .

Ҳамасола шумори қобили таваҷҷуҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба сабабҳои гуногун ҷони худро аз даст медиҳанд, ки бештари мавориди маргу мири онон марбут ба савониҳу ҳаводис, аз ҷумла ҳаводиси ронандагӣ аст .