Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад
(last modified Tue, 31 Oct 2017 15:37:51 GMT )
Октябр 31, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад

Раисҷумҳури Узбакистон барои бори нахуст ҷиҳати дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, Владимир Норов, мудири Маркази пажуҳишҳои роҳбурдӣ ва масоили минтақаи вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Узбакистон ин хабарро дар сафҳаи худ дар “Фейсбук” мунташир кардааст, аммо ин мақоми узбак дар робита ба таърихи дақиқи сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон иттилоъ надодааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кардааст, ки тайи як соли ахир Шавкат Мирзиёев барои густариши равобити Узбакистон бо кишварҳои ҳамсоя талоши зиёд ба харҷ дода, ки баёнгари азми ҷиддии раҳбари сиёсии ин ҷумҳурӣ барои поён додан ба ихтилофоти қаблӣ ва фароҳам кардани заминаи эътимодсозӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ба гуфтаи Владимир Норов, дар як соли ахир Мирзиёев ду бор ба Қазоқистон ва Туркманистон ва як бор ба Қирғизистон сафар карда, сарони кишварҳои ёдшуда низ ҳар яке ду бор ба Тошканд омаданд, то роҳҳои густариши равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ин миён сафар накардани раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон мӯҷиби тарҳи фарзияҳо ва гумонзаниҳои бисёре дар маҳофили коршиносӣ ва расонаии минтақа шуда буд, ки инак, бо эъломи омодасозии муқаддамоти нахустин дидори расмии Шавкат Мирзиёев аз Душанбе ин ҳадсу гумонҳо бартараф хоҳад шуд.

Чанд рӯз қабл дар Узбакистон нахустин Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон пас аз ду даҳа баргузор шуд ва пойтахтҳои ин ду кишвар шоҳиди арзаи маҳсулоти саноатию кишоварзии дуҷониба буд.