Ноябр 01, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат бо сохти баландошёнаҳои маскунӣ ва идорӣ дар шаҳри Душанбе

Теъдоде аз донишмандони зилзилашиноси Тоҷикистон бо идомаи сохти хонистон ё биноҳои баландошёнаи маскунӣ ва идорӣ ва чандтабақа дар пойтахти ин кишвар мухолифат карданд.

Ба гузориши сайти “Сurrenttime.tv”, ин афрод бо ишора ба қарор гирифтани шаҳри Душанбе рӯйи хатти хатарноки зилзила, дар бораи идомаи сохти манозили маскунӣ ва идорӣ ба сабки биноҳои баланд ва осмонхарош ҳушдор додаанд.

Суръати феълии сохтусоз дар пойтахти Тоҷикистон ба гунае аст, ки пешбинӣ мешавад дар солҳои оянда асаре аз манозили маскунӣ ва идории чаҳортабақа боқӣ нахоҳад монд.

Бахшидод Алидодов, мудири гурӯҳи заминшиносӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон муътақид аст, бахшҳои шарқии шаҳри Душанбе бар рӯйи камарбанди зилзила воқеъ шуда ва таркиби хоки ин минтақа низ суст ва хатарнок аст.

Ба гуфта вай, ба ҳамин далоил бояд аз сохти манзилҳои маскунӣ ва идории баланд ва чандинтабақа худдорӣ кард.

 Вай ба дастури Иосиф Сталин, раҳбари вақти Шӯравӣ ишора мекунад, ки 80 сол қабл бар асоси пешниҳоди донишмандон сохти манзилҳои маскунӣ ва идории беш аз чаҳортабақаро дар пойтахти Тоҷикистон мамнуъ карда буд.

 Ба гуфтаи Бахшидод Алидодов, имрӯз масъулони сохтусоз дар шаҳрдории Душанбе бидуни дар назар гирифтани тавсияҳои донишмандони зилзилашинос ва муқовимсозӣ, ба сохти биноҳои баланд рӯй овардаанд.

Ҳарчанд масъулони зирабт дар шаҳрдории Душанбе ин мавзӯро рад карда ва муътақиданд, ҳангоми сохти манзилҳои баландошёнаи маскунӣ ва идорӣ дидгоҳи донишмандони зилзиланигор, заминшиносон ва коршиносони муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.