Ноябр 01, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти амниятии Тоҷикистону Русия

Нишасти коршиносони амниятии Тоҷикистону Русия соатҳои қабл дар бустонсарои Ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе шуруъ шуд.

Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо эъломи ин хабар афзуд, коршиносони амниятии Тоҷикистону Русия дар ин нишаст мавориди марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаиро баррасӣ мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, мавзӯоти мавриди баҳс дар нишасти амниятии Душанбе тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, таъмини амнияту субот, мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши қочоқи маводи мухаддир хоҳад буд.

Гуфта мешавад, дар нишасти амниятии Тоҷикистону Русия Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия низ ҳузур дорад.

Коршиносон яке аз далоили афзоиши нишастҳову ройзаниҳои мақомоти Душанбеву Маскавро нигаронии тарафайн аз таҷаммуи гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон медонанд.

Ба эътиқоди манобеи русиву афғонӣ, ин таҷаммуи террористҳову ифротгароён иқдоми Ғарбу Амрико аст.