Раиси вилояти Суғд: Фарзандони мақомот ҳам ба сарбозӣ бираванд
Раиси вилояти Суғд фиристодани фарзандони кормандони идороту ниҳодҳои ҳукуматиро ба хидмати низомӣ хостор шуд.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Абдураҳмон Қодирӣ дар нишасти мақомоти вилояти Суғд, ки барои баррасии мавзӯи раванди ҷалби ҷавонон ба хидмати низомӣ ташкил шуд, пурсидааст; чаро бояд танҳо фарзандони афроди оддӣ ва шаҳрвандони камдаромади ҷомеа ба хидмат дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷазб шаванд?
Ба дастури Қодирӣ бархе аз мақомоти идораҳову ниҳодҳои ҳукуматӣ дар вилояти Суғд, ки ба баҳонаҳои мухталиф аз рафтани фарзандони хеш ба хидмати низомӣ ҷилавгирӣ мекарданд, аз симматҳояшон барканор шудаанд.
Бар асоси гузориши сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон, барномаи ҷалби ҷавонон ба хидмати низомӣ дар мавсими пойиз 80 дарсад иҷро шудааст.
Ба далели ҳузур надоштани фарзандони мақомоти давлатӣ ба унвони сарбоз дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, коршиносон Артиши миллии ин кишварро “Нерӯи низомии фақирон” мехонанд.
Ба далели фирори ҷавонон аз рафтан ба хидмати сарбозӣ ҳамасола дар Тоҷикистон бо вуҷуди мухолифати мақомот бо ҷазби иҷбории ҷавонон, масъулони маҳаллӣ дар шаҳрҳову ноҳияҳои Тоҷикистон барои боздошту эъзоми иҷборӣ аз нерӯи полис истифода мекунанд.
Коршиносон яке аз иллатҳои умдаи фирори ҷавонон аз хидмати низомӣ дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои корро вуҷуди мушкилоти маишатӣ, нобаробарӣ, набуди фазои ахлоқии солиму мавориди зиёди латукӯби сарбозони тозаворид ба дасти ҳамқаторонашон эълом мекунанд.