Ноябр 02, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Баррасии авзои Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо

Шашумин нишасти муштараки Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, дувуми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши сайти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳамадато Султонов, сухангӯи Парлумони Тоҷикистон гуфт, дар нишасти Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, раёсати намояндагони Тоҷикистон бо Шариф Раҳимзода ва Иттиҳоди Аврупо бо Ивета Григуле аст.

Вай таъкид кард, дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои порлумонии Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон, авзои сиёсиву ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва дурнамои муносиботи Душанбеву Брюссел баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Раҳимзода, мавзӯи авзои Афғонистону Осиёи Марказӣ, мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир, амнияти марзҳо, мудирияти захоири обу энержӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бар асоси ин гузориш, меҳвари дигари нишасти муштараки Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон гуфтугӯ дар бораи риояти ҳуқуқи башар, таъмини озодии эътиқоду фаъолияти расонаҳои хабарӣ, тақвияти ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, шароити ҷазби сармояи хориҷӣ, кумак ба бахши хусусӣ ва роҳҳои рушди ширкатҳои кишоварзӣ хоҳад буд.