Ноябр 02, 2017 21:19 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Шашумин Нишасти муштараки Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо тасвиби ёддошти сиёсӣ ба кори худ поён дод.

Ба нақл аз сайти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳаммадато Султонов, сухангуи парлумон гуфт, дар ин нишаст раёсати намояндагони Тоҷикистон бо Шариф Раҳимзода ва Иттиҳоди Аврупо бо Ивета Григули буд.  

Вай таъкид кард, дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, авзои сиёсӣ ва ҳуқуқи башар дар кишвар ва дурнамои муносиботи Душанбе ва Брюссел баҳсу табодули назар шуд .

Дар ин нишаст Раҳимзода Иттиҳоди Аврупоро муҳимтарин шарики роҳбурдии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ унвон ва аз кумакҳои ин иттиҳод барои рушди иқтисоду тиҷорат, ҷазби сармоягузории хориҷӣ, мубориза бо терроризм, таҳкими амнияти марзҳо ва қочоқи маводи мухаддир, мудирияти захоири обу энержӣ тақдир кард .

Ивета Григули, раиси ҳайъяти парлумонии Иттиҳоди Аврупо низ дар ин дидор таъкид кард, Тоҷикистон шарики мавриди эътимоди ин иттиҳод аст ва баргузории шашумин Нишасти муштараки Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Душанбе гоми дигаре барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд .

Дар ин нишаст ҳамчунин авзои Афғонистону Осиёи Марказӣ, риояти ҳуқуқи башар, таъмини озодии эътиқод ва фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва тақвияти ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд .

Аз дигар мавзуоти мавриди баррасӣ дар ин нишаст, шароити ҷазби сармояи хориҷӣ, кумак ба бахши хусусӣ, роҳҳои рушди ширкатҳои кишоварзӣ ва зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон буд .