Ноябр 04, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Як коршинос: Тоҷикистон бояд ба дунболи бозорҳои ҷадиди фурӯши барқ бошад

Коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ин кишвар бояд қабл аз соли 2018 ва оғози баҳрабардорӣ аз ду турбини нахусти нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун ба дунболи ёфтани бозорҳои ҷадиди фурӯши барқи худ бошад.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Анвар Аҳмадов гуфтааст, қабл аз сохти хати интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, мавсум ба “Каса – 1000” бояд бозорҳои фурӯши барқи изофаи тавлиди ин кишвар мушаххас шавад.

Ба эътиқоди вай, бо суръати феълии омодасозии тарҳи сохти хати “Каса – 1000” гумон намеравад, ки заминаи интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон тайи се то чаҳор соли оянда фароҳам шавад.

Дар ҳоле ки ҳамасола ба иллати набуди харидор ва хутути интиқоли барқ дар фасли тобистон, Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки оби захирашуда дар пушти садди нерӯгоҳҳои барқӣ- обиро раҳо созад, ки ин худ муодили тавлиди панҷ миллиард киловатт соат барқ аст.

Аз сӯйи дигар, бо баҳрабардорӣ аз нахустин турбини нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун дар соли 2018 заминаи тавлиди чаҳор миллиард киловатт соат барқ фароҳам мешавад, ки дар сурати фурӯши он ба хориҷ аз кишвар ба қимати се сент метавон даромади калони молӣ ба даст овард.

Зеро бо баҳрабардорӣ аз нахустин турбини нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун дар соли 2018 ниёзи дохилии кишвар ба барқ таъмин мешавад ва бояд ба дунболи фурӯши барқи изофӣ ба хориҷ буд, ки хутути феълии содироти барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон ва Афғонистон аз тавони интиқоли ҳаҷми болои барқ бархурдор нест.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ- обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.