Консерти Давлатманд Холов дар Ҷашнвораи форсизабонон
Консерти гурӯҳи “Фалак”-и Тоҷикистон бо раҳбарии Давлатманд Холов, хонанда ва мусиқидони барҷастаи ин кишвар дар бахши ҷанбии нахустин Ҷашнвораи ҳунари форсизабонони Аврупо баргузор мешавад.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Давлатманд Холов, мусиқидон, навозанда ва хонандаи маъруфи тоҷик аст, ки дар тӯли солҳо фаъолияти ҳунарии худ ифтихороти дохилӣ ва байналмилалии бисёреро барои кишвараш ба армағон овардааст .
Ин ҳунарманд, ки ағлаби оҳангҳо ва овозҳояш баргирифта аз ашъори Мавлоност, чанде қабл нишони тиллоии кишвари Фаронсаро низ аз Жак Ширак, раисҷумҳури вақти ин кишвар дарёфт кард .
Дар ҳоли ҳозир чанд албом аз гузидаи осори ин ҳунарманд дар Эрон низ мунташир шудааст .
Ин пайванду қаробат бо фарҳангу адабиёти форсӣ боис шудааст, то гурӯҳи “Фалак” дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии форсизабонони Аврупо дар канори ду консерт аз кишвари Афғонистон ва консерти “Симурғ”-и Ҳумоюни Шаҷариён аз Эрон, ҳузур пайдо кунад .
Иҷрои консерти маъруфи “Фалак” ба раҳбарии Давлатманд Холов аз Тоҷикистон дар канори соири консертҳое, ки аз тарафи кишварҳои Эрону Афғонистон дар ин ҷашнвора баргузор мешавад, ҳамсӯ бо рӯйкарди аслии ин ҷашнвора яъне эҷоди маваддат ва якпорчагии форсизабонони кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба воситаи забону адабиёти муштарак аст .
Нахустин Ҷашнвораи ҳунарии форсизабони Аврупо ба ҳиммати Анҷумани фарҳангӣ-ҳунарии Персиана, январи 2018 дар Порис баргузор мешавад .