Арзёбии ҷойгоҳи иқтисодии Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Tue, 07 Nov 2017 04:52:51 GMT )
Ноябр 07, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии ҷойгоҳи иқтисодии Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Тоҷикистон дар охирин радабандии Бонки ҷаҳонӣ дар миёни 193 кишвар 123-умин ҷойгоҳро ба даст овардааст.

Ба иттилои Спутник, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар 4 нишондиҳанда каме поин рафтааст. Чунончи, Тоҷикистон дар бахши пуштибонӣ аз саҳомдорони ақаллиятӣ 6 зина, дар бахши бозаргонии байналмилалӣ — 5 зина, дарёфти эътибор ва тавони пардохт ёфтан — низ 4 зина фурӯ омадааст.

Дар ин радабандии Бонки ҷаҳонӣ, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин ҷойгоҳро Қазоқистон дорад, ки 36-ум зина қарор дорад. Узбакистон дар 74-умин ҷойгоҳ ва Қирғизистон дар 77-умин ҷойгоҳ ҷой гирифтаанд.

Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ болотарин ҷойгоҳро Гурҷистон касб карда, ки дар 9-умин зина ҷой дорад. Аз дигар кишварҳо Эстония — 12-умин, Литва — 16-умин, Латвия — 19-умин ва Русия — 35-умин ҷойгоҳро гирифтаанд. Аз ин миён Тоҷикистон дар поинтарин ҷойгоҳ қарор дорад.