Гушоиши сохтмони ҷадиди сафорати Эрон дар Душанбе
Сохтмони ҷадиди сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон асри имрӯз бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар расман гушоиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ имрӯз ҳамчунин ба таври ҷудогона бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Зариф субҳи имрӯз ба даъвати расмии мақомоти Тоҷикистон, вориди Душанбе шуд.
Муҳаммадҷаводи Зариф қарор аст, пас аз дидор бо мақомоти Тоҷикистон ба Самарқанд, яке аз шаҳрҳои муҳимм таърихии Узбакистон сафар кунад. Вазири умури хориҷаи Эрон дар Узбакистон, илова бар дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои ин кишвар, рӯзи ҷумъа дар Конфронси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ” низ ширкат хоҳад кард. Дар ин конфронс мақомҳо ва шахсиятҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳузур хоҳанд дошт.