Ноябр 11, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо бо ҳар кишвари Осиёи Марказӣ ҷудогона ҳамкорӣ хоҳад кард

Як коршиноси тоҷик муътақид аст, ки Иттиҳоди Аврупо бо ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҷудогона ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба баргузории Конфронси байналмилалии "Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Самарқанди Узбакистон гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо бар асоси манофеи худ бо панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамкории мустақил хоҳад дошт.

Вай таъкид кардааст, эъломи Иттиҳоди Аврупо дар бораи эътои кумаки як миллиарду 200 миллион евро ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ то соли 2020 дар муқоиса бо кумакҳои молии Русия ва Чин маблағи ночиз хоҳад буд.

Ба гуфтаи Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, дар ҳоли ҳозир Иттиҳоди Аврупо саргарми мушкилоте назири “Брекзит” - хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо, сарозер шудани муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни Ховари Миёна ва шимоли Африқо, буҳрони Украина ва иқдомоти бархе кишварҳои Аврупои Шарқӣ аст ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар аввлавияти сиёсати хориҷии ин иттиҳодия қарор надорад.

Аз ин рӯ, метавон чунин пешбинӣ кард, ки сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бар асоси манофеи Брюссел дар ин кишварҳо ва ҷойгоҳу аҳамияти ин ҷумҳуриҳо барои ин иттиҳодия амалӣ хоҳад шуд.

Конфронси байналмилалии "Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Самарқанди Узбакистон бо ҳузури масъулон ва шахсиятҳои кишварҳои минтақа ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо интишори баёнияи сиёсӣ ва таъкид бар ҳамкориҳои дуҷониба ба кори худ поён дод.