Ноябр 11, 2017 11:00 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти сайёҳии Тоҷикистон аз дидгоҳи гардишгари машҳури рус

Гардишгари машҳури рус, ки аз 103 кишвари ҷаҳон боздид кардааст, мардуми Тоҷикистонро меҳмоннавозтарин мардум дар қаламрави Шӯравии собиқ медонад.

Ба гузориши “Спутник”, Антон Кротов, гардишгари рус ва муассиси “Мактаби гардишгарии озод” дар сафари ахири худ ба Тоҷикистон, ду ҳафта дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ба сар бурдааст.

Вай бо ситоиш аз муносиботи самимии мардуми Тоҷикистон бо гардишгарони хориҷӣ, яке аз мушкилоти бахши ҷаҳонгардӣ дар ин кишварро маҳдудият дар рафтуомад миёни манотиқи мухталифи ин ҷумҳурӣ унвон кард.

Барои вуруд ба қаламрави вилояти Бадахшон, бояд муҷаввизи ҷудогона дарёфт кард, ки ин мавзӯъ монеи афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин минтақа мешавад, аммо ба гуфтаи Антон Кротов дар Қирғизистон чунин маҳдудияте вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, теъдоди гардишгарони хориҷӣ, ки ҳамасола ба Қирғизистон сафар мекунанд, дар муқоиса бо Тоҷикистон бамаротиб бештар аст.

 Вай гуфтааст, қасд дорад барномаи ҷаҳонгардии худро ба муддати панҷ соли дигар идома диҳад ва сипас дубора ба Тоҷикистон баргардад ва дар шаҳри Хоруғ - маркази вилояти Бадахшон муддате иқомат кунад.