Ноябр 11, 2017 12:40 Asia/Dushanbe
  • Маркази минтақаии зидди маводи мунфаҷира дар Тоҷикистон таъсис мешавад

Маркази минтақаии зидди маводи мунфаҷира бо кумаки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон таъсис мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва Туула Юрёля, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе дидор ва як ёддошти тафоҳум дар мавриди таъсиси маркази минтақаии зидди маводи хатарнок ва маводи қобили инфиҷор дар ин кишварро имзо карданд.

Шералӣ Мирзо дар ин бора гуфт, имзои ин санад ҳамкорӣ миёни Вазорати дифои Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро тақвият мекунад.

 Вай изҳор дошт, Вазорати дифои Тоҷикистон таҷрибаи хубе дар заминаи хунсо кардани маводи мунфаҷира дорад.

Раҳбари дафтари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ гуфт, ин созмон дар чорчӯби фаъолиятҳои минтақаии худ талош мекунад, ки чолишҳои бархоста аз васоили мунфаҷираро беҳбуд бахшад.

Вай афзуд, эҷоди ин маркази минтақаӣ дар ростои хунсосозии маводи мунфаҷира ба минтақа дар дарозмуддат кумак хоҳад кард.

Ин марказ бо ҳазинаи чорсадҳазоревроӣ, бахше аз талошҳои САҲА дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расидагӣ ба нигарониҳо ва чолишҳои бархоста аз хатароти васоили мунфаҷира мебошад.

 Эҷоди ин марказ дар ҳолест, ки равобити Душанбе ва САҲА тайи як соли ахир бо мушкилоте мувоҷеҳ будааст.