Ноябр 12, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Дархости таъсиси Донишгоҳи исломии муштараки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Корманди аршади Маркази исломшиносии Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар, барои муқобила бо таҳдидҳои ношӣ аз густариши тафаккури ифротӣ ва террористӣ дар қаламрваи ҷомеаи Ҳамсуд, хостори таъсиси Донишгоҳи исломии муштараки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Сайфуллоҳ Муллоҷонов бо ишора ба тасмими Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон дар маврди барканории имомхатибони масоҷиди ин кишвар, ки дар марокизи омӯзишии мазҳабии хориҷӣ таҳсил кардаанд, аз ин иқдом ба унвони тадбири муассир дар пешгирӣ аз густариши тафаккуроти фирқаҳои тундрав ва ифротӣ ёд кард.

Вай гуфтааст, ки барканории имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон, ки дар марокизи омӯзишии мазҳабии кишварҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд, иқдоми бамавқеъ мебошад, ки теъдоде аз ин афрод дорои тафаккуроти бегона бо арзишҳои эътиқодии мусулмонони ин кишвар ҳастанд. Аз ин рӯ, ба далели яксон будани таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ алайҳи эътиқодоти мусулмонони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, зарурати таъсиси як Донишгоҳи муштараки исломӣ миёни ин ҷумҳуриҳо вуҷуд дорад.

Чанде қабл Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ниҳодҳои тобеи ин созмон дастурдода буд, ки имомони масоҷиди ин кишварро, ки дар хориҷ аз кишвар омӯзиши мазҳабӣ дидаанд, аз симатҳояшон барканор кунанд. Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон таъкид кардааст, ахиран дар бархе аз манотиқи ин кишвар, теъдоде аз имомони масоҷид, ки дар хориҷ аз ин ҷумҳурӣ омӯзишҳои мазҳабӣ дидаанд, даст ба иқдомоти ғайриқонунӣ задаанд; Аз ин рӯ, бояд тайи 15 рӯз ин афрод аз симатҳояшон барканор ва ашхоси ҷойгузини онон ба ин созмон барои таъйид, муаррифӣ шаванд.

Коршиносон мӯътақиданд ин иқдом аз ҷанбаи амниятӣ дорои аҳамият аст. Зеро танҳо тайи соли 2016 беш аз 20 нафар аз имомхатибони масоҷиди ҷомеи вилояти Суғд, ки дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср омӯзишҳои мазҳабӣ дида буданд, ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.