Оғози давоздаҳумини Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон
Давоздаҳумини Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои бозаргонӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар оғози давоздаҳумини Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои бозаргонӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон, ки дар Душанбе дар ҳоли баргузарӣ аст, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ҳузури Ризо Ардакониён, вазири нерӯи ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайъати ҳамроҳро хайри мақдам гуфт .
Усмонзода изҳори умедворӣ кард, ин нишаст дар тавсеа ва густариши равобити миёни Душанбеу Теҳрон нақши муассире ифо мекунад .
Вазири нерӯи Эрон низ бо ташаккур аз истиқболи гарми тарафи тоҷик, давоздаҳумин Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишварро гоме мусбат дар чорчуби таҳкими равобити иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон донист .
Ин нишаст то асри имрӯз идома меёбад .
Вазири нерӯи Эрон илова бар ҳузур дар ин нишаст бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва бархе аз мақомоти олии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард .