Сактаи мағзии яке аз масъулони зиндонии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон
Саттор Каримов, мулаққаб ба Махдуми Абдусаттор, яке аз масъулони зиндонии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дучори сактаи мағзӣ шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, вай яке аз аъзои собиқадор ва узви Шӯрои олии сиёсии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки ахиран дар зиндони мавсум ба маҳаллаи “Роҳатӣ” (Кирпичний) дар шарқи шаҳри Душанбе дучори сактаи мағзӣ шуд.
Манобеи наздик ба хабаргузории “Ахбор” гуфтаанд, Махдуми Абдусаттор ба бемории фишори хуни боло мубтало буда, ки маъмурони зиндон ҳангоми бадҳол шудани вай ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ин мавзуъ накарданд ва ин мунҷар ба сактаи мағзии вай шудааст.
Аз сӯйи дигар, мақомоти масъули зиндонҳои Тоҷикистон ҳам дар ин бора ибрози назар накардаанд.
Махдуми Абдусаттор дар ҷараёни боздошти густурдаи масъулон ва аъзои Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба баҳонаи иртиботи ин гурӯҳ бо шӯриши генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дастгир шуд.
Вай бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолиятҳои террористӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсии ин ҷумҳурӣ, ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Сомонаи “Ахбор” таъкид мекунад, ки масъулони зиндони маҳаллаи “Роҳатӣ” ҳанӯз ҳам ба бастагони Махдуми Абдусаттор дар бораи сактаи мағзии вай хабар надодаанд.