Имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкории иқтисодӣ байни Эрону Тоҷикистон
Эрону Тоҷикистон дар поёни дувоздаҳумин нишасти Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонии ду кишвар, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ёддошти тафоҳумро рӯзи чаҳоршанбе Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имзо карданд.
Вазири нерӯи Эрон пас аз имзои ин ёддошти тафоҳум, равобити Эрону Тоҷикистонро равобити хешовандӣ хонду гуфт, Камиссиюни муштарак роҳкоре муассир барои кумак ба ҳамкориҳо дар бахшҳои давлативу хусусии ду кишвар аст.
Ардакониён бо ишора ба натоиҷи хуби музокироташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷа ва Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, тавофуқоти суратгирифта ҳарчӣ зудтар амалӣ шавад ва бархе масоили боқимондаи молӣ байни ду кишвар дар тарҳҳои мухталиф ва ба вижа дар мавриди бонкҳои эронӣ дар зудтарин замони мумкин рафъ шавад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон низ аз баргузории муваффақи нишасти Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон ибрози ризоият карду гуфт, натоиҷи ин нишаст ба пешрафту тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон - Душанбе кумак хоҳад кард.
Баргузории дувоздаҳумин нишасти Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар сафари ҳаштуми ноябри Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон матраҳ ва дар бораи он тавофуқ шуда буд.
Ёздаҳумин нишасти Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои бозаргонӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон ноябри соли 2016 дар Теҳрон баргузор шуд.