Вазири дифои Тоҷикистон: Неруҳои мусаллаҳи тоҷик тавони муқобила бо ДИИШ-ро доранд
Вазири дифои Тоҷикистон гуфт, неруҳои низомӣ ва амниятии тоҷик тавони размии кофӣ, барои посух ба таҳдидот ва ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз самти Афғонистонро доранд.
Ба гузориши “Радио Дарӣ”, Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории марҳалаи ниҳоии Размоиши неруҳои вокуниши сареи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, гуфт, неруҳои низомӣ ва амниятии тоҷик тавони размии кофӣ барои посух ба таҳдидот ва ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз самти Афғонистонро доранд.
Ин мақоми баландпояи Вазорати дифои Тоҷикистон бо баёни ин ки гурӯҳи террористии ДИИШ қасд дорад вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистонро бесубот кунад, афзуд, рӯйдодҳои моҳҳои ахир гувоҳ бар ин аст, ки ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз ҳаргуна василае вазъияти сиёсӣ дар Афғонистонро ноором мекунанд ва бо ин равиш мехоҳанд дар қаламрави ин кишвар ҷои пои барои худро собит кунанд.
Вай идома дод, дар ҳоли ҳозир муҳиммтарин мавзӯъ барои Тоҷикистон тағйир ва таҳаввули вазъи сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он бар амният ва суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Шералӣ Мирзо тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба бархе авомил, хатарот ва таҳдидоти аслӣ барои амнияти кишварҳои минтақа аз сӯи Афғонистон ба иллати таҷаммӯи шибҳи низомиёни созмонҳо, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар манотиқи шимолии ин кишвар вуҷуд дорад.
Ин дар ҳоле аст, дар Тоҷикистон размоиши низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, аз 10 ноябри соли ҷорӣ оғоз ва то 20 ин моҳ ба поён хоҳад расид.