Ноябр 22, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Гази содир шуда аз Узбакистон барои бахши хонагии Тоҷикистон истифода намешавад

Ширкати “Тоҷиктрансгаз” эълом кардааст, ки дар сурти воридоти дубораи газ аз Узбакистон дар авоили соли оянда 2018, бахши хонагӣ аз ин навъи сӯхт истифода нахоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи “CA News”, мақомоти ин ширкат гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир машғули баррасии ин мавзӯъ мебошанд, ки чӣ теъдод аз марокизи санъатии Тоҷикистон метавонанд аз гази содиротии Узбакистон истифода кунанд.

Зеро тайи 5 соле, ки содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ шудааст, теъдоди зиёде аз марокизи санъатӣ ва тавлидии ин кишвар бо тағйири корбарии таҷҳизоти хеш, аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ низ ба маротиб арзонтар аст. Аз ин рӯ, бояд теъдоди дақиқи муштариёни гази содиротии Узбакистон ба Тоҷикистон мушаххас шавад, ки бо баррасии вазъи хутути интиқоли газе, ки 5 сол фаъолият надошт, метавон дар бораи нархи ҳар 1 ҳазор метримукааб гази воридотӣ аз Узбакистон бо мақомоти Тошканд гуфтугӯ кард.

Мақомоти Ширкати алюминии Тоҷикистон, ки то соли 2012 аз гази Узбакистон истифода мекарданд низ гуфтаанд, ки ниёзе ба воридоти гази Узбакистон надоранд ва дар ҳоли ҳозир аз ангишт бо тағйири корбарии таҷҳизоти ҷойгузини ин навъи сӯхт шудааст. Аммо Салим Искандаров иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки раҳбарияти пешини Узбакистон бо истифодаи абзорӣ аз гази 5 сол қабл содироти ин навъи сӯхт ба Тоҷикистонро қатъ кард, ки ба нафъи тоҷикон буд. Зеро давлат ва мардуми Тоҷикистон  ангиштро ҷойгузини гази содиротии Узбакистон карданд. Ба ин далел ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки давлати Тошканд аз газ ҳамонанди 5 сол қабл ба унвони абзори фишор алайҳи Тоҷикистон истифода накунад.