Сарнавишти мубҳами Сайид Қиёмиддини Ғозӣ
(last modified Thu, 23 Nov 2017 06:08:06 GMT )
Ноябр 23, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти мубҳами Сайид Қиёмиддини Ғозӣ

Ҳамсари Сайид Қиёмиддини Ғозӣ рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик, аз сарнавишти мубҳами вай ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши сомонаи Top.tj, хонум Раҷабгул Мусулмонова гуфтааст, пас аз интишори хабари истирдоди вай аз Русия ба Тоҷикистон, то ба ҳол ҳеҷ иттилое аз макони нигаҳдории шавҳараш надорад.

Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дар охирин тамоси телефонии худ аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия гуфтааст, ки вайро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

Ҳамчунин эълом шуда буд, ки вай бо парвози Санкт-Петербург ба Хуҷанд мунтақил хоҳад шуд; Аммо замоне, ки фарзандонаш дар фурудгоҳи ин шаҳр мунтазири истиқбол аз падарашон буданд, вайро дар миёни мусофирон мушоҳида накарданд.

Баъзе манобеи хабарӣ гуфтаанд, ҳангоми парвоз ҳоли Сайид Қиёмиддини Ғозӣ бад шуда ва ӯро аз пойи ҳавопаймо ба бемористон мунтақил кардаанд.

Аммо манобеи наздик ба мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ, эълом кардаанд, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз сӯи кормандони амниятӣ боздошт ва аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Душанбе мунтақил шудааст.

Ҳамсари вай таъкид кардааст, шавҳараш тайи солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳамроҳи фарзандонаш мудирияти як қаҳвахонаро бар ӯҳда дошта ва ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ анҷом намедодааст.

Бо ин ҳол манобеи наздик ба ҳизби мамнуъаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар гуфтаанд, ба эҳтимоли қавӣ иллати боздошти Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, эътироф гирифтан дар бораи фаъолиятҳои ин ҳизб ва интишори матолибе аз вай бар зидди ин гурӯҳи сиёсӣ аст.

Ҳарчанд ки аз соли 2000 то кунун, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ҳеҷ иртиботе бо ҳизби мамнуъаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон надошта ва аз ин ҳизб хориҷ шуда буд.