Ноябр 23, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ғизоҳои миллӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Женева

Ғизоҳои миллӣ, саноеи дастӣ, осори ҳунарӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи солиёнаи бозори Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсария муаррифӣ шуд.

Ба гузориши сайти хабаргузории давлатии Ховар, дар ин бозор кормандони дафтари намояндагии Тоҷикистон дар қароргоҳи аврупоии Созмони Милали Муттаҳид, намунаҳое аз ғизоҳои миллӣ, саноеи дастӣ ва осори ҳунарии кишвари худро ба намош гузоштанд ва боздидкунандагонро бо ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ошно карданд.

Дар ин намоишгоҳ дар бораи кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи риштакӯҳи Помир, шаҳрҳои зебо ва кӯчак, мақбараи машоҳире монанди Рӯдакӣ ва ҳамчунин чашмаҳои оби маъданӣ ва гарми Тоҷикистон, назири истироҳатгоҳҳои Хоҷа оби гарм, Явроз, Шоҳанбарӣ, Калтуч, Зумуррад ва Гармчашма ба боздидкунандагон иттилорасонӣ шуд.

Дар Тоҷикистон соли 2017, ба номи "Соли ҷавонон ва рушди гардишгарии пойдор" номгузорӣ шудааст.

Коршиносон мӯътақиданд, Тоҷикистон ба иллати кӯҳистонӣ будан, зарфияти зиёде барои ҷазби гардишгарони хориҷи дорад, аммо мушкили аслӣ дар ин замина, камбуди мавориде монанди зерсохтҳо ва имконоти тафреҳӣ, ҳутелҳои муҷаҳҳаз, парвозҳои мустақим бо кишварҳои Аврупоӣ ва роҳҳову ҷодаҳои ободи дохилӣ аст.