Ноябр 25, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Лузуми тавофуқи миёни Тоҷикистону Узбакистон барои ҳалли мушкили сохти нерӯгоҳи Роғун

Маркази пажуҳишии масоили муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва ширкати ADELPHI-и Швейтсария аз мақомҳои Тоҷикистону Узбакистон дархост карданд, барои ҳалли ихтилоф бар сари такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, ба тавофуқ барисанд.

Ба нақл аз сайти маркази пажуҳишии масоили муҳити зисти Осиёи Марказӣ, дар баёнияи ин ду ниҳод бо ишора ба оғози музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд барои мавзуи такмили сохти нерӯгоҳи Роғун, ибрози умедворӣ шудааст, ки ин гуфтугӯҳо муҷиби поён додан ба ихтилофи тарафайн дар мавриди ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон шавад .

Аз ин рӯ, ба манфиати Тоҷикистону Узбакистон аст, ки бо даст бардоштан аз мавозеи қаблии худ, роҳкори мавриди пазириши Душанбеву Тошкандро дар ин замина пайдо кунанд .

Давлати ҷадиди Узбакистон эълом кардааст, бо идомаи такмили сохти ин нерӯгоҳ мухолифате надорад, аммо Тоҷикистон бояд манофеи Узбакистон бар сари истифода аз манобеи оби Осиёи Марказиро таъмин кунад .

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натиҷаи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи Роғун, такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати Италияии Salini Impregilo S.p.A вогузор кард .

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки то поёни соли 2018 ду турбинаи нахусти нерӯгоҳи Роғунро ба баҳрабардорӣ бирасонад .

Барои такмили сохти нерӯгоҳи Роғун ба ҷазби се миллиарду 900 миллион доллар сармоя ва 13 сол замон ниёз аст .

Чанд рӯз қабл эълом шуд, ки Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши саҳҳоми молии ин нерӯгоҳ дар хориҷ аз кишвар, маблағи 500 миллион доллар ҷазб кардааст, ки ин маблағ имкон медиҳад, раванди сохти нерӯгоҳи Роғун аз суръати бештаре бархурдор шавад .

Роғун бо сарбанди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ-обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд .