ТАЛКО дар ҷустуҷуи шарикони муносиб барои истихроҷи тилло
(last modified Sat, 25 Nov 2017 08:31:40 GMT )
Ноябр 25, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • ТАЛКО дар ҷустуҷуи шарикони муносиб барои истихроҷи тилло

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли оянда ба коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шурӯъ карданист.

Ба иттилои Азия-Плюс, соли 2018 оғози корҳои истихроҷу ғанисозӣ (истеҳсол)-и тиллову нуқра ва сурма ба нақша гирифта шудааст ва ТАЛКО ба дарёфти шарикони муносиб барои маблағгузории муштарак ба ин лоиҳаи бузургмиқёс низ машғул аст.

Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд.

Корҳои амалисозии ин лоиҳаи сармоягузорӣ соли 2017 идома ёфта, аммо барои оғози коркарди конҳо, як тартибу расмиёти муайнеро бояд анҷом дод, ки вақти зиёдро тақозо мекунад.

Айни замон ширкати бритониёии Micon International Ltd. ба арзёбии захираи конҳо, ки ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ кашф шуда буданд, машғул аст.

Моҳи июни соли 2015 ҳукумат “Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО”-ро қабул кард.

Дар чаҳорчӯби ин барнома, раҳбарияти ширкат ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гурӯҳи конҳои Канчоч ва Чӯлбой дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Моҳи декабри ҳамон сол ширкат иҷозатнома гирифт, ки мувофиқи он ба ТАЛКО барои истифода аз ин конҳо дар муддати 25 сол ҳуқуқ дода шуд.