Ислоҳи полиси Тоҷикистон бо ҳамкории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи ислоҳоти нерӯҳои интизомиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ин дидор Рамазон Раҳимзода ва хонум Туула Юрёля бар вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ислоҳоти милиса таъкид карданд.
Дар ин дидор, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз сафири САҲА дар Душанбе барои ёрирасонӣ дар устуворсозии пояҳои ниҳодҳои интизомӣ ва машваратҳои назариву амалӣ дар заминаи мубориза бо ҷинояткорӣ сипосгузорӣ кард.
Туула Юрёля ҳам гуфтааст: “Мо ҳамкориамонро дар заминаи ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон идома медиҳем ва ҳамеша омода ҳастем дар ин замина ёрӣ кунем”.
Дар ин дидор ёдоварӣ шуд, ки дар чорчӯби ислоҳоти милиса се санади муҳим — Роҳбурди ислоҳоти милиса дар солҳои 2013 — 2020, Барномаи густариши ислоҳоти милиса ва Нақшаи амалисозии ислоҳот милиса дар солҳои 2013 — 2020 таҳия ва тасвиб шудаанд.
Таъкид шуда, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкории танготанг роҳандозӣ карда ва тарҳҳои густардае дар заминаи муқобила бо зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва мубориза бо одамфурӯшӣ иҷро мекунад.
Яке аз коромадтарин барномаҳое, ки вазорат дар раванди ислоҳоти милиса анҷом додааст, роҳандозии сомонаи “Шаҳри амн” аст, ки дар ҳамкорӣ бо Чин ба кор андохта шудааст.