Таъкиди Тоҷикистон ва Корея бар густариши ҳамкориҳо
Дар ҳамоише ба муносибати 25-мин солгарди барқарории муносиботи диплумотики байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ ва 80-умин солгарди сукунати кореяиҳо дар Тоҷикистон, бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид шуд.
Ба нақл аз Ховар, ин ҳамоиши дирӯз бо ҳузури мақомҳои давлатӣ ва коршиносону мутахассисони ниҳодҳои пажуҳишии Тоҷикистон, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ва сафирону намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор шуд .
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо ибрози ризоят аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, таи 25 сол равобити мо дар бахшҳои гуногун густариш ёфта ва ду кишвар ба дастовардҳои хубе ноил шудаанд.
Ли Ву Чёл, сафири Корея дар Тоҷикистон ҳам бо ишора ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ зиндагӣ ва сукунати кореяиҳо дар Тоҷикистон, ононро пули иртиботии бузурге дар таҳкими равобити дӯстонаи ду кишвар арзёбӣ кард .
То соли 1991 дар Тоҷикистон 15 ҳазор кореяӣ сукунат доштанд, ки ин теъдод дар ҳоли ҳозир 1500 нафар аст .
Ду кишвар дар бахшҳои илмӣ ва фарҳангӣ низ ҳамкории густарда доранд ва ҳудуди 70 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Корея таҳсил мекунанд ва дар донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ҳам омӯзиши забони кореяӣ роҳандозӣ шудааст .
Гардиши молӣ ва коло миёни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар соли гузашта 15 миллион доллар буд .