Ноябр 26, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - калиди ҳалли мушкили коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ба гузориши сойти “Вароруд”, Иззат Амон гуфтааст, ки бо вуҷуди музокироти ҷонибҳо ҳанӯз ҳам мавзуи пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ки беш аз 20 сол аст барои рушди иқтисоди ин кишвар заҳмат мекашанд, ҳалли худро пайдо накардааст.

Дар ҳоле, ки бар асоси қавонини ҳуқуқии Русия, миёни атбои ин кишвар ва коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз нигоҳи бархӯрдорӣ аз ҳуқуқи бознишастагӣ, тафовуте вуҷуд надорад ва ҳама бояд яксон ин дастмуздҳоро дарёфт намоянд. Аммо ин қонун амалан иҷроӣ нашуда ва рӯи коғаз мондааст. Ҳарчанд, ки дар ин муддат ҳам коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва ҳам корфармоёни онон муққасиранд. Зеро корфармоён барои пардохти молиёт ва маблағҳои бимаи иҷтимоӣ ва сандуқи бознишастагӣ иқдом намекунанд ва дар мавориде, бидуни созишнома ва ба таври қочоқӣ аз ин афрод истифода мекунанд, ки ҳеч навъ заминаи қонунӣ барои пардохти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири хориҷиро фароҳам намесозад. Аз тарафе, ин мушкил мӯҷиби бурузи ихтилофот бар сари ба мавқеъ пардохт нашудани дастмузди коргарони муҳоҷир низ мегардад, ки барои дарёфти ҳуқуқи хеш ҳеч санад ва мадраке дар даст надоранд. Зеро бо тавофуқи шифоҳӣ бо корфармоён ва миёнаравҳо корро оғоз мекунанд ва дар охир маълум мешавад, ки фиребашон додаанд.

Иззат Амон таъкид мекунад, ки танҳо роҳи раҳоии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, аз пардохти моҳиёна маблағи муҷаввизи кор, бархӯрдорӣ аз дафтарчаи бимаи дармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ барои ин афрод, вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.