Ноябр 27, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Оё Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хоҳад шуд?

Дар ҳоле, ки вазири умури хориҷаи Русия аз имкони пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сухан мегӯяд, коршиносони масоили Осиёи Марказӣ ба ин мавзуъ бо дидаи шакку тардид нигоҳ мекунанд.

Ба нақл аз Toptj, бо вуҷуди хушбинии Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар бораи ин мавзуъ ки, гуфта буд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҳоли баррасӣ аст, коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ ин дидгоҳро зери суол бурдаанд .

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки суханони вазири умури хориҷаи Русия ба ин маънист, ки Маскав аз нуфузи иқтисодии Чин дар Тоҷикистон нигарон мебошад .

Вале Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нишон дод, ки дар ҳалли ихтилофоти миёни кишварҳои узви ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ назири ончи дар муносиботи Қазоқистону Қирғизистон рух дод, коре наметавонад анҷом диҳад .

Азимбой Ғолӣ, коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон мегӯяд, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар қаламрави Русия имтиёзоти зиёде эъто мекунад, зеро ҳалли мушкили бекорӣ дохили Тоҷикистон ғайримумкин аст ва теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия ба далели ҳузури ғайримуҷоз ва нақзи қавонини кору муҳоҷират бо мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошанд .

Аз ин рӯ танҳо бо пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шаҳрвандони ҷуёи кори Тоҷикистон аз ҳуқуқи яксон бо атбои Русия бархурдор мешаванд .

Ҳамчунин хонуми Тулғуной Умедалиева, коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон бар ин бовар аст, ки дар ояндаи наздик пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баъид аст.

Ба ин далел, ки таҳаввулоте дар дохили Осиёи Марказӣ пас аз рӯи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон дар ҳоли вуқуъ мебошад, ки талоше барои тақвияти ҳамкориҳои 5 кишвари ин минтақа ва афзоиши табодулоти бозаргонӣ ба ҳисоб меояд ва гумон намеравад, ки Тоҷикистон ояндаи наздик ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бипайвандад .